53395935382_b07199a493_b
53396862286_81d39ce703_b
53395931492_3892b6de6a_b
53397032143_5c668610e4_b
53397048213_40a68e5ac9_o
53397051128_eb1ef90607_b
53397176519_87d82c8c17_b
53397175869_e9e32e2218_b
53397298335_2b3426e304_b
53395916472_a9b8a87751_b

Хабарҳо
САФИРИ ҲИНДУСТОН АЗ ДОНИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ ВА СОҲИБКОРИИ ТОҶИКИСТОН БОЗДИД КАРД


11 апрели соли 2025 Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Раҷеш Уике бо ҳайати ҳамроҳонаш аз Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон боздид ба амал овард.Меҳмононро …

Муфассал

Хабарҳо
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ИЛМИ ТОҶИК ДАР ДБССТ: ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ – ДУРНАМО ВА ИМКОНИЯТҲО


14 апрели соли 2025 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи илми тоҷик ва оғози «Ҳафтаи илм» дар Донишгоҳ конфронси илмию амалии байналмилалӣ таҳти унвони «Иқтисоди рақамӣ …

Муфассал

Хабарҳо
МУКОЛАМАИ БАЙНИДОНИШГОҲӢ БО ЧИН: ТАБОДУЛИ АКАДЕМИИ ГУРӮҲИ НАВБАТИИ ДОНИШҶӮЁН


Гурӯҳи донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иборат аз 10 нафар дар доираи барномаи табодули академӣ ва созишномаи ҳамкорӣ ба Донишгоҳи касбии илмию техникии Завҷуани Ҷумҳурии Мардумии Чин сафарбар …

Муфассал

Хабарҳо
ҲАМСОЯГИИ НЕК — ҲАДАФИ МЕҲВАРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ


04 апрели соли 2025 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ибтидоии “Соҳибкор”-и …

Муфассал

Хабарҳо
АНҶУМАНИ БОШУКӮҲИ НАВРӮЗ ДАР ДОНИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ ВА СОҲИБКОРИИ ТОҶИКИСТОН


17 марти соли 2025 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ бахшида ба таҷлили “Наврӯзи байналмилалӣ-2025” бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардид. Дар он ректори Донишгоҳ, меҳмонон аз …

Муфассал

Хабарҳо
АНҶУМАНИ БОШУКӮҲИ НАВРӮЗ дар донишкадаи байналмилалии Леваканти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон



Муфассал

Хабарҳо
МОДАРОН – ИЛҲОМБАХШИ ИМРӮЗУ ФАРДОИ ДУРАХШОН


Таҷлили сазовори Рӯзи модар дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бо шукӯҳу шаҳомати хос ва бо риояи расму анъанаҳои миллӣ …

Муфассал

Хабарҳо
ИҚДОМИ САБЗ: ДОНИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ ВА СОҲИБКОРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР РОҲИ МУҲИТИ ЗИСТИ ТОЗА


Имрӯз бо ташаббуси Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон аксияи ниҳолшинонӣ дар маҳаллаи Зафари ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баргузор гардид.Дар чорабинии мазкур, ректори донишгоҳ профессор Асрорзода Убайдулло Саттор, роҳбарони воҳидҳои …

Муфассал

Хабарҳо
ШАРАФИ ДОНИШГОҲ ДАР МАЙДОНИ ВАРЗИШ: ВОЛЕЙБОЛБОЗОНИ МО ДАР МИЁНИ БЕҲТАРИНҲО


7 марти соли 2025 маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони мусобиқаи волейбол барои дарёфти “Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе” баргузор гардид, ки дар он дастаи волейболбозони бонувони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон …

Муфассал

Хабарҳо
АНҶУМАНИ БОШУКӮҲИ НАВРӮЗ дар донишкадаи байналмилалии Леваканти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон



Муфассал

Хабарҳо
АНҶУМАНИ БОШУКӮҲИ НАВРӮЗ ДАР ДОНИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ ВА СОҲИБКОРИИ ТОҶИКИСТОН


17 марти соли 2025 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ бахшида ба таҷлили “Наврӯзи байналмилалӣ-2025” бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардид. Дар он ректори Донишгоҳ, меҳмонон аз …

Муфассал

Хабарҳо
ҲАМСОЯГИИ НЕК — ҲАДАФИ МЕҲВАРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ


04 апрели соли 2025 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ибтидоии “Соҳибкор”-и …

Муфассал

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Муроҷиатномаи ректори Донишгоҳ
Қаҳрамонони Тоҷикистон




Садриддин Айнӣ

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 08 сентябри соли 1997 ба асосгузори адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд.



Садриддин Айнӣ

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 08 сентябри соли 1997 ба асосгузори адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд.

Садриддин Айнӣ 15-уми апрели соли 1878 дар қишлоқи Соктареи ноҳияи Ғиждувони вилояти Бухоро, дар оилаи деҳқони камбағал таваллуд меёбад. Азбаски падари С. Айнӣ – Саидмуродхоҷа танҳо бо деҳқонӣ эҳтиёҷи оиларо қонеъ гардонида наметавонист, маҷбур буд, ки ба касбҳои бофандагӣ ва сангиосиёбтарошӣ низ машғул шавад.
Садриддин Айнӣ аз овони кӯдакӣ ба адабиёт завқу ҳаваси калон дошт. «Шеърҳоро дӯст медоштам, ҳарчанд маъниҳои онҳоро дуруст нафаҳмам ҳам, оҳанги онҳо ба ман гуворо менамуд ва ба ёд карда ханда гаштани баъзе шеърҳо кӯшиш мекардам», — ёдоварӣ мекунад ӯ. Маслиҳат ва шеърхониҳои падар дар Айнии ҷавон табъи шеъргӯиро бедор мекунанд. Садриддин Айнӣ бештар асарҳои Ҳофиз, Бедил, Навоӣ, Фузулӣ ва дигаронро мутолиа ва аз ёд мекунад.
Айёми нисбатан беғаму хурсандонаи кӯдакӣ дер давом накард. Тобистони соли 1889 Садриддини ёздаҳсола аввал аз падар ва баъди 40 рӯз аз модари меҳрубон ҷудо гардид. Онҳо гирифтори вабои умумӣ шуда буданд. Пас аз ин Садриддин Айнӣ тамоми ташвиши рӯзгор ва тарбияи додарон (Сироҷиддини сесола ва Киромиддини чорсола)-ро ба зиммаи худ мегирад. Бо вуҷуди ин ҳама нодорамиҳо, азобу шиканҷаи зиндагӣ орзую ҳаваси таҳсил ӯро ҳеҷ гоҳ тарк намекард.
Моҳи октябри соли 1890 Садриддин ба умеди хондану шахси бофазлу камол шудан роҳи Бухороро пеш мегирад. Барои ба ин мақсад ноил гаштан ӯро лозим омад, ки бисъёр монеаю нодорамиҳои зиндагӣ, азобу душвориҳои моддию маънавиро паси сар намояд, дар кӯчаҳои тангу тори Бухоро ба умеди пайдо кардани манзилгоҳ сарсонию саргардониҳо дида, хизмати шарикдарсони сарватманди кундзеҳн ва монанди инро ба ҷо орад. Бо вуҷуди ин истеъдоди фитрӣ, муҳаббати бепоён ба адабиёт, санъату маданияти халқи тоҷик, меҳнатдӯстӣ ба Айнӣ имкон дод, ки дар андак муддат дар байни толибилмон бо донишмандию завқи баланди шеършиносӣ обрӯю эътибор пайдо намояд. Ҳатто, шахсоне, ки Айнӣ хизмати онҳоро мекард, тадриҷан муносибати худро тағъир дода, ӯро иззату ҳурмат мекардагӣ шуданд.
Садриддин Айнӣ зуд-зуд бо тахаллусҳои мухталифи «Сифлӣ», «Мӯҳтоҷӣ», «Ҷунунӣ» шеърҳо менависад ва баъдтар, аз соли 1986 сар карда, яъне дар сини 18 солагӣ тахаллуси «Айнӣ»-ро қабул мекунад. Тахаллуси «Айнӣ» барои Садриддини ҷавон хеле маъқул шуд, чунки ин калима дорои 48 маъно буда «чашм», «манбаъ», «моҳият», «аломат» ва монанди инҳо аз ҷумлаи он маъноҳоянд.
Садриддин Айнӣ ҳанӯз дар ҷавониаш ҳамчун олим ва шоир машҳур мешавад. Онҳое ки пештар ба ин ҷавони қишлоқӣ бо таҳқир нигоҳ мекарданд, акнун аз тарси ашъори ҳаҷвии ӯ тарсида хушомад мегуфтанд ва кӯшиш мекарданд, ки ӯро ба хизмати амир ба дарбор ҷалб намоянд.
Садриддин Айнӣ дар соли 1909 барои мактабҳои усули нав китоби хониши «Таҳзиб-ус-сибъён»-ро тартиб дод. Дар он табиати зебою дилнишин, тарбияи завқи бадеӣ, масъалаҳои маориф, маърифатнокии мардум ва озодию баробарҳуқуқии занон ва монанди ин тасвиру тавсиф ёфта буд. Табиист, ки чунин тарзу усули таълим ва тарбияи кӯдакон ба саркардагони аморат ва ҳомиёни ҷиҳили дин маъқул набуд. Бинобар ин онҳо тарафдорони усули нави таълиму тарбияро таъқиб намуданд. С.Айнӣ маҷбур буд, ки бо ҳамфикрони худ бо номи «Тарбияи атфол» ҷамъияти махфӣ ташкил намуда, бо усули нав таълимдиҳиро давом диҳад.
Соли 1916 ҳангоми дар Қаршӣ будани Садриддин Айнӣ хабар расид, ки ӯро дар мадрасаи «Хиёбон» мударрис таъин кардаанд. Айнӣ барои аз ғазаби амир халос шудан ин вазифаро расман қабул кард. Дар асл тамоми корро ба ӯҳдаи калоншавандагони мадраса вогузошт.
Моҳи апрели соли 1917 ҷадидҳои Бухоро ба муносибати «фармони ислоҳот»-и амир зери шиори «Зинда бод амири ҳурриятпарвар» намоиши миннатдорӣ гузарониданӣ шуданд. Бо вуҷуди он ки Садриддин Айнӣ дар ибтидои фаъолияти иҷтимоию сиёсии худ ба ҳаракати ҷадидӣ хайрхоҳ буд, муқобили намоиш баромад ва пешвоёни онро аз ин роҳи хатарнок боздоштанӣ шуд. Вале ҷадидон ба гуфтаҳои Садриддин Айнӣ этибор надоданд ва намоиши «миннатдорӣ» бо фоҷиа анҷомид.
Ҳарчанд Айнӣ дар намоиш иштирок накард, 9-уми апрел ӯро аз ҳуҷрааш дастгир карда, 75 чӯб зада, ба зиндон партофтанд. Бо қарори Шӯрои депутатҳои коргарони Когон сарбозони инқилобӣ ӯро аз зиндони амир озод карданд. Ба ин муносибат митинге барпо гардид, ки дертар Садриддин Айнӣ чунин ёдоварӣ мекунад: «Ман, ки бо хӯрдани 75 чӯби амир гиря кардан он тараф истад, «воҳ» нагуфта мардонавор истода будам, дар ин ҷо аз гиря худдорӣ карда натавонистам – ин гиряи шодӣ буд». Пас аз муолиҷаи дуру дароз дар беморхонаи Когон Садриддин Айнӣ 3-юми июни соли 1917 ба Самарқанд меравад ва он ҷоро иқоматгоҳи доимии худ қарор медиҳад.
Инқилоби Октябр (1917)-ро ӯ бо хушнудӣ пешвоз гирифта, аз рӯзҳои аввал ба хизмати он камар мебандад ва дар сохтмони ҳаёти нави сотсиалистӣ фаъолона иштирок менамояд.
Аз соли 1918 дар маҷмӯи маорифи халқ ва матбуоти инқилобии тоҷику ӯзбек кор мекунад. Сипас, дар Нашриёти давлатии Тоҷикистон (аз соли 1926) вазифаи мушовир ва муҳаррири адабиро иҷро мекунад.
Шеърҳои дар солҳои 1918-1921 навиштаи Садриддин Айнӣ «Машри ҳуррият», «Ба шарафи Инқилоби Октябр», «Марши байналмилал», «Якуми май» ва ғайра дар маҷаллаи «Шӯълаи инқилоб» ва рӯзномаи «Меҳнаткашлар товуши» чоп шуда, дар нахустин маҷаллаи ӯ «Ахтари инқилоб» ворид гардидаанд. Соли 1920 якумин повести худ «Ҷаллодони Бухоро»-ро навишта, дар он бо далелҳои таърихӣ разолат ва фоҷиаҳои рӯзҳои вопасини аморати Бухороро фош мекунад. Пас аз ин ӯ повести дигар худ «Саргузашти як тоҷики камбағал» ё ки «Одина»-ро ба вуҷуд оварда, қисмҳои аввали онро солҳои 1924-1925 дар рӯзномаи «Овози тоҷик» чоп мекунад ва соли 1927 повест пурра бо унвони «Одина» дар шакли китоби алоҳида нашр мешавад. Ин повест ва романҳои «Дохунда» (1930) ва «Ғуломон» (1934) якҷоя асари сегона-трилогияи хоса мебошад, ки ҳаёти беш аз садсолаи халқамонро дар бар мегирад.
Солҳои 1935-1940 боз якчанд асарҳои насрӣ: повестҳои «Мактаби кӯҳна» (1936), «Марги судхӯр» ва «Ятим» (1939), очеркҳои «Колхози коммунизм» (1934), «Ҷашни таърихӣ» (1936) ва «Тирози ҷаҳон» (1939)-ро эҷод мекунад.
Ӯ соли 1943 аъзои фахрии Академияи фанҳои Ӯзбекистон интихоб мегардад ва баъдтар (1948) шӯрои илмии Университети Ленинград ба вай унвони доктори илми филологияро медиҳад. Сипас, академик ва аввалин президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон (1951) интихоб мешавад.
Дар солҳои 1949-1954 асари чорҷилдаи тарҷимаиҳолии ӯ «Ёддоштҳо» ба табъ мерасад, ки дар он муҳимтарин лаҳзаҳои таърихии ҳаёти халқи тоҷик аз охирҳои асри Х1Х ва ибтидои асри ХХ инъикос ёфтааст. Барои ҷилди якум ва дуюми «Ёддоштҳо» ӯ соли 1950 Лауреати мукофоти давлатӣ мегардад.
Садриддин Айнӣ дар баробари фаъолияти адабӣ бисёр асарҳои илмӣ низ таълиф намудааст. Чунончӣ, доир ба таърих ду рисолаи калон «Таърихи амирони манғитияи Бухоро» (1923) ва «Материалҳо оид ба таърихи инқилоби Бухоро» (1926) ва якчанд мақолаҳои ӯ доир ба масъалаҳои забоншиносии солҳои бистум барои демократикунонии забони адабии тоҷик ва инкишофи минъбадаи он нақши муҳим бозидаанд.
Хизмати С.Айнӣ дар соҳаи адабиётшиносӣ низ хеле бузург мебошад. Адабиётшиносии давраи шӯравии тоҷик таърихи худро бо нахустин асари таҳқиқотии ӯ «Намунаи адабиёти тоҷик» (1926) оғоз менамояд. Рисолаҳои илмии вай оиди ҳаёт ва эҷодиёти Рӯдакӣ, Сино, Саъдӣ, Навоӣ, Бедил, Восифӣ ва ғайра то кунун аҳамияти худро гум накардаанд.
Осори адабиву илмии С.Айнӣ дар «Куллиёт»-и понздаҳҷилдаи ӯ гирд оварда шудаанд.
С.Айнӣ як қисм асарҳояшро ба забонҳои ӯзбекӣ таълиф ва тарҷума намуда, дар рушди адабиёти шӯравии ӯзбек низ саҳми худро гузоштааст. Номи С.Айнӣ дар конфронси дуввуми нависандагони Осиёву Африқо (Қоҳира, феврали соли 1962) дар қатори бузургтарин адибони Шарқ-Робиндранат Такур, Таҳо Ҳусайн, Лу Синъ ёдоварӣ шудааст. Тарҷумаи романи Ф.Дюшен «Қамар» (1974) ба қалами ӯ тааллуқ дорад.
Аксарияти таълифоти С. Айнӣ, хусусан асарҳои калони насрияш ба забонҳои қариб ҳамаи халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва бисёр мамолики хориҷ тарҷума ва чандин маротиба нашр гардидаанд.
С.Айнӣ узви Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҷумҳурии халқии Бухоро (1923), узви Кумитаи Иҷрояи Марказии ҶШС Тоҷикистон (1929), депутати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (1947) ва Шӯрои Олии ИҶШС (1950-1954) ва борҳо депутати Шӯроҳои шаҳрии шаҳрҳои Самарқанду Душанбе интихоб шудааст. Вай узви раёсати Иттифоқи нависандагони ИҶШС (1934), ходими Хизматнишондодаи илми Тоҷикистон (1940) буд.
Барои хизматҳои шоёни адабӣ ва ҷамъиятиаш ӯ бо се ордени Ленин (1941,1948,1949), ордени Байрақи Сурхи Меҳнат (1953), ордени ҷумҳуриявии «Байрақи Сурхи Меҳнат» (1931) ва Ифтихорномаҳои Шӯрои Олии Тоҷикистон мукофотонида шудааст. Дар шаҳри Душанбе осорхонаи адабии С.Айнӣ ва дар шаҳри Самарқанд (дар ҷои зисти аввалаш) осорхонаи ёдгории ӯ амал мекунад. Тибқи Қарори ЮНЕСКО (1978) ба муносибати ҷашни 100-солагии зодрӯзи С.Айнӣ дар ш. Душанбе ду ёдгорӣ гузошта шуданд, ки онҳо ҳамчун ифодагари марҳилаҳои рӯзгору эҷоди ин фарзанди барӯманди халқи тоҷик мебошанд. Яке аз ин ёдгориҳо «М. Горкий ва С. Айнӣ» ном гирифта, лаҳзаи сӯҳбати ду нафар бузургони адабиёти муосирро таҷассум менамояд. Ёдгории дигаре дар майдоне ба номи устод Садриддин Айнӣ, бо шукӯҳу шаҳмати зиёде, дар якҷоягӣ бо қаҳрамононаш қомат афрохтааст ва он натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар миқёси Осиёи Миёна ҳамчун асари беназири муҷассамасозӣ эътироф гардидааст.
Устод Садриддин Айнӣ 15 июли соли 1954 дар шаҳри Душанбе аз олам чашм пӯшид. Ҳоло Мақбараи Айнӣ дар як ҷои хушманзараи Душанбе зиёратгоҳи аҳли адаб аст. Соли гузашта шаҳрдории Душанбе ин боғро таъмир ва мақбараро навсозӣ намуд ва ҳоло як боғи нурониву пургули пойтахт ба шумор меравад.
8-уми сентябри соли 1997 бо Фармони Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба устод Садриддин Айнӣ унвони Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд.



Бобоҷон Ғафуров

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 08 сентябри соли 1997 ба таърихшинос ва шарқшиноси шинохтаи тоҷик, академик, муаллифи китоби «Тоҷикон» Бобоҷон Ғафуров унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд.



Бобоҷон Ғафуров

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 08 сентябри соли 1997 ба таърихшинос ва шарқшиноси шинохтаи тоҷик, академик, муаллифи китоби «Тоҷикон» Бобоҷон Ғафуров унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд.

Ғуфуров Бобоҷон Ғафурович 31 декабри соли 1908 дар деҳаи Исписори ноҳияи Хуҷанди вилояти Самарқанд (ҳоло ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон) таваллуд шудааст. Падараш Сангинов Ғафур, боғбони батрак буд, як муддат чун коргари роҳи оҳан адои хизмат намудааст. Модараш Розия Бойматовна Ғафурова (Розия Озод) корманди адабӣ буда, ӯ соли 1957 вафот кардааст. То соли 1927 ҳамроҳи волидайн зиндагӣ мекард, баъдтар бо сабаби вазнинии вазъияти моддии хонавода маҷбур шуд, ки аз сини 8-солагӣ ба хизмати оилаҳои бадавлати деҳаашон кироякорӣ намояд. Ҳамзамон дар мактаби деҳаи Исписор таҳсил намудаст.
Аз соли 1922 то соли 1924 дар хонаи бачагони деҳаи Қистакӯз ки аз Исписор дуртар буд таҳсилро идома медиҳад. Дар соли 1926 ба кумитаи ноҳиявии комсомол ба сифати мудири бюрои бачагон ба кор пешбарӣ намуданд ва таҳсили худро дар мактаби роҳи оҳани назди истгоҳи Хуҷанд идома медод. Дар охири соли 1928 ба шаҳри Самарқанд барои омӯзиш ба курсҳои олии ҳуқуқшиносӣ роҳхат гирифта, пас аз хатми он ба шаҳри Сталинобод (ҳозира Душанбе) ба ихтиёри КМ ПК (б) Тоҷикистон фиристода шуд. Дар оғоз дар Вазорати адлия ба сифати ёвари вазир, сипас мудири шӯъба, баъд аз он муовини мудири рӯзномаи ҷумҳуриявии «Тоҷикистони Сурх» таъйин шуд.
Дар идораи ин рӯзнома аз моҳи апрели соли 1930 то моҳи июни соли 1931 кор намудааст. Дар соли 1931 барои таҳсил ба шаҳри Маскав ба Институти умумииттифоқии рӯзноманигорӣ фиристода шуда ва онро дар оғози соли 1935 хатм намудааст. Аз моҳи феврали соли 1935 то соли 1936 ба сифати муовин ва муҳаррири рӯзномаи ҷумҳуриявии «Тоҷикистони сурх» ифои вазифа намудааст. Дар соли 1936 ба вазифаи инструктори КМ ПК (б) Тоҷикистон таъйин гардид. Дар моҳи ноябри соли 1937 ба вазифаи мудири шӯъбаи матбуоти КМ ПК (б) Тоҷикистон таъйин шудааст. Пас аз якҷояшавии шӯъбаҳои матбуот ба шӯъбаи таблиғу ташвиқи КМ ПК (б) Тоҷикистон аз соли 1939 то 1. 09. соли 1940 ҳамчун муовини мудири шӯъбаи таблиғоти КМ ва мудири сектори маданӣ- равшаннамоӣ иҷрои вазифа кардааст. Аз 1. 09. соли 1940 то моҳи апрели соли 1941 аспиранти Институти таърихи АИ СССР буданд. Пас аз ҳимояи рисолаи номзадӣ доир ба таърихи ислом дар соли 1941 котиби КМ ПК (б) Тоҷикистон оид ба таблиғу ташвиқ интихоб гардид.
Дар соли 1944 котиби дуюми КМ ПК (б) Тоҷикистон ва дар моҳи феврали соли 1946 котиби якуми КМ ПК (б) Тоҷикистон интихоб шуд. Дар ин вазифа то моҳи майи соли 1956 бе танаффус адои хидмат намудааст.
Дар баробари фаъолияти ҳизбӣ ҳамзамон корҳои илмӣ-омӯзгориро пеш мебурд.
Дар таърих кам андар кам пешвоёни сиёсӣ ё сиёсатмадороне ёфт мешаванд, ки ҳамзамон ду кор, яъне касби олимӣ ва пешаи роҳбариро идома диҳанд. Хушбахтона, Б. Ғафуров ҳам олими ҷомеашинос буду ҳам роҳбари хирадманду некӯпеша. Агар дар кори роҳбарӣ баҳри ташаккулу шукуфоии Тоҷикистон талоши пайгирона карда бошад, дар кори олимӣ, илми таъриху ховаршиносии миллиро ба по монда, ба таҳияву таълифи таъриху фарҳанги ғановатманди халқи тоҷик пардохта, аввал, китоби «Таърихи мухтасари халқи тоҷик»-ро соли 1947 ба забони тоҷикӣ ва баъд соли 1972 асари фундаменталии «Тоҷикон- таърихи қадимтарин, қадим ва асримиёна» дар нашриёти «Наука»-и Маскав ба забони русӣ аз чоп баромад, ки пасон ба забони тоҷикӣ тарҷумаю нашр гардид.
Беш аз 100 кори илмӣ бахшида ба таърихи ислом, таърихи халқҳои Осиёи Миёна, таърихи ҳаракатҳои миллӣ-озодихоҳии халқҳои Осиё ва Африқо, ва фарҳанги халқҳои Шарқ ба табъ расонидааст.
Дар соли 1951 рисолаи докториро доир ба таърихи халқи тоҷик аз давраҳои қадимтарин то инқилоби Октябр ҳимоя намудаст.
Аз соли 1938 депутати Шӯрои Олии Тоҷикистон, аз соли 1946 то соли 1962 депутати Шӯрои Олии СССР интихоб гардидаст.
Дар соли 1966 дубора депутати Шӯрои Олии СССР интихоб шуд.
Дар анҷуманҳои Х1Х ва ХХ КПСС аъзои КМ КПСС интихоб гардид.
Бобоҷон Ғафуров 12 июли соли 1977 дар шаҳри Душанбе дар синни 68-солагӣ даргузашт.
Барои фаъолияти пурғайрати ҷамъиятӣ-сиёсӣ ва хизматҳои бузург дар инкишофи шарқшиносии шӯравӣ Б. Ғафуров соли 1968 бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ва соли 1975 бо ордени Инқилоби Октиябр сарфароз гардид. 6 маротиба бо ордени Ленин мукофотонида шудааст.
Фаъолияти бештари олим бо илм ва корҳои ҷамъиятӣ сахт марбут буд – муовини Раиси Кумитаи шӯравии якдилӣ бо кишварҳои Осиё ва Африқо, Раиси Кумитаи якдилӣ бо халқҳои Осиё ва Африқо, ҳамчунин Раиси Кумитаи омӯзиши тамаддуни Осиёи Марказии назди Комиссияи миллии шӯравии ЮНЕСКО.
Дар ташаккули ҳар як халқу миллат бузургоне ҳастанд, ки номи онҳо дар ҳеч давру замон аз хотири мардум фаромӯш намешавад. Хушбахтона, чунин шахсиятҳо дар таърихи тамаддуни миллати тоҷик кам нестанд ва онҳо на танҳо ифтихори миллати мо, балки боиси сарафрозии мардуми олам гардидаанд.
Академик Бобоҷон Ғафуров узви фахрии Созмонҳои илмии кишварҳои хориҷӣ, доктори фахрии як қатор созмонҳо ва донишгоҳҳои мӯътабари дохилӣ ва хориҷӣ интихоб шуда буд.
Ӯ дорандаи мукофоти байналмилалии ба номи Ҷавоҳирлаъл Неҳру ва мукофотҳои давлатҳои хориҷӣ низ буд;
-соли 1961 дар кишвари Гвинея ҳангоми Конгресси байналмилалӣ Раиси Фонди якдилии Осиё ва Африқо интихоб шуд.
— соли 1966 узви куитаи доимии Кунгураи байналхалқии эроншиносии (Эрон) интихоб гардид.
— соли 1967 узви фахрии Ҷаъияти шарқшиносони Лаҳистон интихоб шуд (соли таъсис 1922).
— соли 1968 ба Ҷоизаи байналхалқии ба номи Ҷавоҳирлаъл Неҳру мушарраф гардид.
— соли 1968 узви Шӯрои ҳиндӣ доир ба робитаҳои фарҳангӣ интихоб гардид (соли таъсис 1950, Деҳлӣ).
— соли 1969 узви Шӯрои миллии Ҳиндустон оид ба ровобити фарҳагӣ интихоб шуд.
— соли 1970 ба унвони ифтихории доктори илми Донишгоҳи мусулмонии Донишгоҳи Алигархи (Ҳиндустон) сарфароз гардид (Донишгоҳ соли 1918 таъсис ёфтааст).
— соли 1971 узви ифтихории Ҷамъияти Порис–Осиё интихоб шуд (Фаронса, соли таъсис 1822).
— соли 1972 Раиси Кумитаи Шӯравӣ оид ба супоридани ҷоизаи байналхалқӣ ба номи Фирдавсӣ (соли таъсис 1972).
— соли 1972 узви ифтихории Кумитаи байналхалқии нашри осор бахшида ба таърихи кишварҳои Халиҷи Форс (Эрон).
-соли 1972 бо медали 50 – солагии Инқилоби Халқии Муғулистон мукофонида шуд.
— соли 1973 Раиси кумитаи миллии шӯравии асотсиатсияи илмии Уқёнуси Ором интихоб шуд (соли таъсис 1973).
— соли 1973 Президенти Асотсиатсияи байналхалқӣ оид ба омӯзиши фарҳанги Осиёи Мрказии назди ЮНЕСКО интихоб шуд.
— соли 1973 узви ифтихории Академияи илм ва фарҳанги Босния ва Ҳерзоговина интихоб шуд (Югославия соли таъсис 1966).
— соли 1974 унвони ифтихории доктори илмҳои Донишгоҳи Теҳронро гирифт (Эрон соли таъсис 1934).
— соли 1974 узви фахрии Ҷамияти Осиё дар Калкутта интихоб шуд (Ҳиндустон, соли таъсис 1784).
— соли 1975 бо нишони Прачами Сурхи Меҳнати Ҷумҳурии халқии Муғулистон мукофотонида шуд.
— соли 1975 узви ифтихории Ҷамъияти шарқшиносони ба номи Чома де Кёрёши назди Академияи илмҳои Маҷористон (Венгрия) интихоб шуд.
— соли 1976 бо нишони тиллоии Шӯрои умуми ҷаҳони Сулҳ тақдим карда шудааст.
Бобоҷон Ғафуров фарзанди маҳбуби Ватан ва халқи худ аст ва бо итминон гуфта метавонем, ки номи некаш то абад дар хотири наслҳои миллати куҳанбунёд, фарҳангӣ ва тамаддунсози тоҷик зинда хоҳад монд.
Аллома Бобоҷон Ғафуров дар тӯли зиндагии пурбаракати хеш осори фарҳангиву таърихии зиёдеро ба ёдгор гузоштаанд, ки теъдоди онҳоро метавон наздики 400 ба қалам дод. Дар миёни ин осори гаронмоя чунин шоҳасарҳои безаволро аз қабили «Тоҷикон», «Таърихи мухтасари халқи тоҷик», Давраи кушониён ва тамаддуни ҷаҳонӣ», «Таҳқиқи тамаддуни Осиёи Марказӣ», «Равобити таърихии Осиёи Марказӣ бо мамолики Шарқи араб», «Ал-Форобӣ дар таърихи тамаддун» ва «Искандари Македонӣ ва Шарқ» даҳҳо дигарро бо камоли ифтихор метавон ном бурд.



Эмомалӣ Раҳмон

Соли 1999 барои мустаҳкам намудани давлатдории соҳибистиқлол ва пойдории сулҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон мукофотонида шудааст.



Эмомалӣ Раҳмон

Соли 1999 барои мустаҳкам намудани давлатдории соҳибистиқлол ва пойдории сулҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон 5 октябри соли 1952 дар ноҳияи Данғараи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1969, баъд аз хатми Омӯзишгоҳи касбию техникии № 40-и шаҳри Калининобод (ҳоло Сарбанд), ба ҳайси устои барқ дар Корхонаи равғанкашии шаҳри Қӯрғонтеппа шурӯъ намудааст.
Солҳои 1971-1974 дар Флоти уқёнуси Ором дар хизмати ҳарбӣ буд. Пас аз хизмати ҳарбӣ ба зодгоҳи худ баргашта, дар совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара кор кардааст.
Соли 1982 факултети иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намуд.
Солҳои 1976-1987 дар вазифаҳои котиби раёсат, раиси Кумитаи иттифоқҳои касабаи совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара буд. Сипас дар мақомоти ҳизбӣ фаъолият дошт.
Аз соли 1987 то соли 1992 директори совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара буд.
Соли 1990 Эмомалӣ Раҳмон вакили мардумӣ дар Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ХII интихоб мешавад. Тирамоҳи соли 1992 Раиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои намояндагони халқи вилояти Кӯлоб интихоб гардид.
19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.
6 ноябри соли 1994 Эмомалӣ Раҳмон бо роҳи овоздиҳии умумихалқӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.
6 ноябри соли 1999 Эмомалӣ Раҳмон дар асоси алтернативӣ ва бо овоздиҳии умумихалқӣ бори дуюм ба мӯҳлати ҳафт сол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.
6 ноябри соли 2006 Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи озоду шаффофи демократӣ дар асоси алтернативӣ бори сеюм ба мӯҳлати ҳафт сол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.
6 ноябри соли 2013 Эмомалӣ Раҳмон бо 84,23% овози интихобкунандагон дар интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пирӯз гардид.
Мувофиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ба тасвиб расидааст, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки барои халқи Тоҷикистон хизматҳои бузургу беназир кардааст ба сифати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат эътироф карда шудааст.
Қаҳрамони Тоҷикистон (аз 11 декабри соли 1999) мебошад.
Оиладор ва падари нӯҳ фарзанд аст.
Замоне, ки фарзанди номвар ва номбардори халқ Эмомалӣ Раҳмон бори аввал роҳбари давлат интихоб шуд, Тоҷикистони тозаистиқлол рӯзҳои даҳшатборро ба сар мебурд. Ҷангу низоъҳои хунини миёни тоҷикон боиси хисороти зиёди моливу ҷонӣ гардида, ба якпорчагии мамлакат ва ҳастии миллати тоҷик таҳдид мекард.
Эмомалӣ Раҳмон бо тадбирҳои хирадмандона ва матонату ҷасорати фавқулодда кишварро аз вартаи фалокат ва ҳалокат берун овард, мардуми парешонро сарҷамъ намуд ва садҳо ҳазор ғурбатзадагонро ба ватан баргардонд.
Бо иродаи Сардори давлат дар як муддати кӯтоҳ харобаҳо ба ободӣ табдил ёфта, иншооти азим ба вуҷуд омаданд, барои ба ҳам пайвастани тамоми гӯшаву канори мамлакат шоҳроҳи ваҳдат ва барои мустақиман баромадан ба уқёнус ва робита ёфтан ба кишварҳои дуру наздики хориҷӣ роҳҳои бузурги мошингард сохта шуданд.
Муҳимтарин комёбиву дастовардҳои кишвар натиҷаи меҳнати фидокоронаи халқи Тоҷикистон ва иқдомҳои қаҳрамононаи Эмомалӣ Раҳмон ва ҳаммаслакони содиқаш мебошад.
Подоши ин ҳама корнамоиҳо маҳбубият ва маъруфиятест, ки Эмомалӣ Раҳмон дар миёни халқи мамлакат ва ҳазорон ҳазор ҳамватанони бурунмарзӣ пайдо кардааст. Мукофоти ин ҳама заҳматҳо ҳамчунин ҳусни таваҷҷӯҳ ва эҳтироми бузурги ҷомеаи ҷаҳон мебошад, ки мунтазам нисбат ба Сардори донову тавонои Тоҷикистон, сиёсатмадори варзида ва ифодагари марому ормонҳои умумибашарӣ иброз мегардад.
Бузургтарин дастоварди Эмомалӣ Раҳмон, бешубҳа, барқарор кардани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аст. Таҷрибаи талхи ҷангҳои дохилӣ дар ҷаҳон шаҳодат медиҳад, ки ягон давлат рақиби сиёсӣ ва ҳарифони қудратталабашро аз сангарҳои ҷанг берун оварда, бо силоҳи ҷангию лавозимоти ҳарбӣ ва сарбозони ҷангозмудааш дар сари дастгоҳи давлатию сохторҳои идоракунӣ ва мақомоти низомӣ нашинондааст.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон тавассути таъмини сулҳ ва ваҳдати миллӣ, ҳамчунин барои гузаштан ба марҳилаи барқарорсозии иқтисодиёт ва оғози корҳои созандагию бунёдкорӣ заминаи боэътимод гузошт.
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро беш аз 150 кишвари ҷаҳон ба расмият шинохтааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эътироф кардани Ойинномаи Созмони Милали Муттаҳид, Санади хотимавии Хелсинки, Баёнияи Париж ва дигар созишномаҳои байналхалқӣ сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро амалӣ сохта, ҳифзи ҳуқуқи инсонро, сарфи назар аз мансубияти миллӣ, маҳаллӣ ва мазҳабиву нажодӣ, муроот менамояд.
Ҳамзамон, дар баланд бардоштани нуфузу эътибори байналмилалии Тоҷикистон ва ҳаллу фасли масъалаҳои глобалӣ талошҳои Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузург ва саривақтианд. Ӯ борҳо аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид баромад карда, дар баробари мушкилоти Тоҷикистон таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба қазияи Афғонистон, масъалаҳои мубориза бо терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, рушди нобаробари давлатҳои ҷаҳон, масъалаи таъминоти оби тоза ва ғайраҳо ҷалб мекунад. Ниҳоят, ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳалли қазияи Афғонистон, ки ба пойгоҳи терроризму экстремизм табдил ёфта буд, рӯ овард.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои муҳимтарини ояндаи инсоният низ муносибати дурбинона ва ҷиддӣ дорад. Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон Созмони Милали Муттаҳид соли 2003-юмро Соли байналмилалии оби тоза, солҳои 2005-2015-умро Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» эълон кард. Айни ҳол аксари чорабиниҳои ҷаҳонию минтақавии вобаста ба об дар чаҳорчӯби ҳамин даҳсола гузаронда мешаванд, ки боиси ифтихору сарфарозии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аз ин иқдоми Сардори давлат аст.
Дар тӯли бист соли истиқлолият кишвари мо таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди ҷомеаи мустақили демократӣ қадамҳои устувор гузошт. Дар ин муддат Тоҷикистон соҳиби Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардид. Пояҳо ва рукнҳои асосии давлатдории худ — артиши миллӣ, қувваҳои сарҳадиро ба вуҷуд овард ва устувор гардонд. Тоҷикистон ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ пазируфта шуд ва бо аксари мамлакатҳои пешрафтаи дунё робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ барқарор намуд. Асосҳои сохтори конститутсионӣ ва идоракунии давлат танзим гардида, пули миллӣ ба муомилот баромад, шиносномаи миллӣ эътироф гардид.
тавр, хизмати таърихии Эмомалӣ Раҳмон аз он иборат аст, ки маҳз ӯ ихтиёри давлатдориро ба даст оварда, пеши роҳи хатари нобудии онро гирифт, оташи ҷанги дохилиро хомӯш намуд, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро, барқарор сохта, артиши миллӣ ва нерӯҳои посбони сарҳадро таъсис дод. Барои таҳкими ҳокимият ва давлат шароит муҳайё намуд, заминаи сулҳи миллиро матраҳ кард, гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонид, заминаи устувори эъмори ҷомеаи навини Тоҷикистонро гузошт. Ислоҳоти конститутсиониро дар мамлакат амалӣ гардонид, Конститутсияи (Сарқонуни) нави Тоҷикистонро эҷод кард. Ҷиҳати 27 июни соли 1997 ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ заминаҳои ҳуқуқиву сиёсиро фароҳам сохт, сулҳи тоҷиконро ба даст овард, ки барои ҷаҳониён таҷрибаи беназир аст. Заминаҳои эҳёи миллиро фароҳам сохт, ба корҳои азими созандагӣ ифтитоҳ бахшид, аҳволи иҷтимоӣ ва иқтисодии мардумро ба куллӣ беҳтар карда, хатари гуруснагиро аз байн бурд, эътибори сиёсии давлатро дар арсаи байналмилалӣ афзуд.
Эмомалӣ Раҳмон ба ивази саҳми хеле арзишманди худ дар таъмини сулҳи Тоҷикистон ва таҳкими амнияти минтақа ва дигар хидматҳои шарофатмандонааш дар вусъати муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории байни мардумон бо унвону нишонҳои олии давлатҳо ва созмонҳои гуногуни ҷаҳон сарфароз гардидааст.
Хизматҳои Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар дохили кишвар ва ҳам берун аз он эътироф гардидаанд. Барои саҳми бебаҳо дар густариши ҷомеаи умумибашарӣ ӯ ба гирифтани Ситораи тиллоии Алберт Швейтсер ва унвони фахрии Профессори Академияи умумиҷаҳонии тиб дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ сазовор дониста шудааст. Ӯ дар ҷаҳон аввалин сиёсатмадорест, ки ин мукофоти олиро соҳиб гардидааст.
Соли 2005 дар арафаи ҷашни Ваҳдат боз як ҷоизаи олӣ-медали тиллоии «Барои таҳкими сулҳ ва ризоияти байни халқҳо»-и Федератсияи байналмилалии сулҳ ва ризоият насиби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. Эмомалӣ Раҳмон дар байни сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аввалин касе мебошад, ки ба гирифтани ин ҷоиза мушарраф гардидааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои гуногун ҳамчунин бо Унвони шаҳрванди ифтихории пойтахти Қирғизистон, Доктори ифтихории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, Профессори ифтихории фалсафаи Академияи умумиҷаҳонии тиббӣ, Ситораи тиллои Алберт Швейсер, Ҷоизаи олии ҷамъиятии Бунёди байналмилалии хайрияи «Сарпарастони аср» -Ордени нахустини алмосдори «Ситораи сарпараст», ордени «Қаҳрамони миллии Афғонистон — Аҳмадшоҳи Масъуд», Медали тиллоии «Барои таҳкими сулҳу ризоияти байни халқҳо», Нишони рамзии Дани 5-уми камарбанди сиёҳи Карате-до, доктори фахрии Донишгоҳи Ғозии шаҳри Анқараи Ҷумҳурии Туркия, Профессори фахрии Донишгоҳи Евразияи Остона ба номи Лев Николаевич Гумилев, Медали тиллоии давлати Миср, Ситораи ёқути сурх «Миротворец» (Сулҳовар), Нишони фахрии ИДМ, Ордени княз Ярослави Ҳаким дараҷаи 1-и Украина, Доктори фахрии Донишгоҳи миллии Киев ба номи Тарас Шевченко, Ордени Шӯрои олимпии Осиё, Медали тиллоии ЮНЕСКО, Профессори фахрии Донишгоҳи давлатии кӯҳии Урал, Ордени «3 Ситора дараҷаи 1» бо занҷираи зарини Латвия, Ордени Ифтихории Иттиҳоди байналмилалии нақлиёти автомобилӣ, Профессори фахрии Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Михаил Ломоносов, «Доктори фахрӣ» — и Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Русия, Мукофоти олии Академияи илмҳои тиббии Федератсияи Русия – Медали тиллоии ба номи Николай Блохин, Мукофоти олии давлатӣ – Нишони Покистон, Ордени байналмилалии «Моҳи нав ва ситора», Мукофоти олии Пажӯҳишгоҳи муттаҳидаи тадқиқоти ядроии Федератсияи Русия-Медали тиллоӣ, Мукофоти олии давлатии Украина — орден «Барои хизматҳо» дараҷаи 1, унвони фахрии профессори Донишгоҳи миллии кӯҳкории Украина ва медали тиллоии академик Терпигорев, Профессори фахрии Донишгоҳи Сямэни музофоти Фуҷиан, Шаҳрванди фахрии шаҳри Шанхани музофоти Фуҷиани Ҷумҳурии Мардумии Чин, Медали тиллоии Кумитаи олимпии Чин, Мукофоти Давлати Кувайт ордени “Муборак Алкабир”, Мукофоти олии давлатии Озарбойҷон – Ордени Ҳайдар Алиев, Ордени Президенти Туркманистон Битараплик (Бетарафӣ), Профессори фахрии Донишкадаи давлатии иқтисод ва идораи Туркманистон, Доктори ифтихории Донишгоҳи Мавлонои шаҳри Қуния, Медали “60 — солагии ЮНЕСКО”, Мукофоти давлатии Баҳрайн “Ал-Қилод ал-Халифӣ”(ордени Подшоҳӣ), Профессори фахрии Донишгоҳи Давлатии Беларус, профессори фахрии Донишгоҳи Лимкоквинги Малайзия, профессори фахрии Донишгоҳи нафтию техникии Уфа, Профессори фахрии Маркази аврупоии тадқиқоти байналмилалӣ ва стратегӣ (CERIS) (ш.Брюссел), Доктори фалсафа ва иқтисоди Донишгоҳи Қоиди Аъзами Покистон, мукофоти олии Федератсияи Россия Ордени Александр Невский ва дигар мукофоту ҷоизаҳо сарфароз гардонда шудааст.
Дар марҳилаи нави бунёди давлати ҷавони Тоҷикистон тақдири баланди миллати куҳандиёри тоҷик дар симои шахсияти беназири таърихӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон олитарин сифатҳои адолати инсонӣ, бузургдилию шуҷоат, раҳму шафқат ва қобилияти нотакрори ваҳдатофариро ато кард ва маҳз ҳамин ҳамоҳангӣ ҷомеаро ба сатҳи баланди хештаншиносӣ расонид.
Маҳз бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар интиҳои асри ХХ аз фоҷиаи миллӣ раҳоӣ ёфта, истиқлолияти давлатии худро таҳким бахшид ва миллати тоҷик баъд аз ҳазор сол дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣ ба дастовардҳои бузурги таърихӣ ноил гардид ва имрӯз ба сӯи ояндаи нек устуворона қадам мегузорад.



Мирзо Турсунзода

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 07 майи соли 2001 ба шоири халқии Тоҷикистон, ходими намоёни ҷамъиятӣ Мирзо Турсунзода унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд.



Мирзо Турсунзода

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 07 майи соли 2001 ба шоири халқии Тоҷикистон, ходими намоёни ҷамъиятӣ Мирзо Турсунзода унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд.

Мирзо Турсунзода 2 майи соли 1911 дар деҳаи Қаратоғи ноҳияи Ҳисор (ҳозира Шаҳринав) таваллуд ёфтааст.
Соли 1930 Дорулмуаллимини Тошкандро ба итмом расонда, ба ҳайси мудири шуъбаи умумӣ ва котиби масъули рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» ва, муддате, дар вазифаи роҳбари қисми адабии Театри давлатии мазҳакаю мусиқии Ленинобод ба номи А.С.Пушкин адои хидмат кардааст.
Соли 1935 ба Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба кор гузашта, вазифаҳои мудири шуъбаи ташкиливу оммавӣ ва роҳбари шӯрои драманависонро бар уҳда доштааст.
Соли 1939 раиси Сарраёсати ҳифзи сирри давлатӣ (Главлит), соли 1943 сардори Раёсати санъати ҷумҳурӣ таъин гардидааст.
Аз соли 1946 то рӯзи фавташ раиси Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ будааст. Соли 1951 академики АИ РСС Тоҷикистон интихоб шудааст.
Фаъолияти адабияш аз соли 1929 оғоз ёфтааст.
Аввалҳо дар соҳаи наср қувваозмойӣ карда, дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ бештар очерку ҳикояҳояш интишор ёфтаанд, ки намунаҳое аз онҳо дар маҷмӯаи «Байрақи зафар» (1932) гирдоварӣ шудаанд.
Воқеаҳои айёми инқилоб, ҷангҳои ҳамватанӣ ва муборизаҳои синфӣ, ҳаёти пурҷӯшу хурӯши комсомол ва комёбиҳои даврони нав мавзӯи асосии очерку ҳикоя ва нахустин ашъори ӯ будаанд.
Соли 1935 яке аз асарҳои калони манзуми ӯ «Манзараҳои Хуҷанд» дар маҷаллаи «Барои адабиёти сотсиалистӣ» чоп шудааст, ки дар он меҳнати садоқатмандона ва бунёдкоронаи мардуми шӯравӣ тасвиру тавсиф ёфтааст.
Достонҳои «Офтоби мамлакат» (1936), «Хазон ва Баҳор» (1937) низ ба ҳамин мавзӯъ бахшида шудаанд.
Соли 1939 маҷмӯаи «Шеърҳо»-яш аз чоп баромадааст, ки ашъори дар васфи Ватану нашъунамои он («Суруди ҷавонӣ», «Мамлакати тиллоӣ», «Оҳанрабо») ва воқеаҳои байналхалқӣ («Аз оташ ҳазар кун!», «Халқи далер», «Ба духтари Астурия») бахшидаашро дар бар гирифтааст.
Як силсила шеъру манзумаҳои ӯ ба тасвири пирӯзиҳои мардуми кишвари тоҷик, кашфи сарватҳои моддию маънавии он, бунёди иншооти бузурги ҷумҳурӣ бахшида шудаанд, ки «Водии Ҳисор», «Ба кӯҳсори тоҷик», «Хаёли хом», «Гул мекунад», «Омад канал» (1940) аз он ҷумлаанд.
Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ тараннуми ғояҳои ватанпарварӣ ва дӯстии халқҳо дар эҷодиёташ мавқеи асосӣ ишғол намудааст.
Аз ҷумла, шеърҳои ватандӯстонаи ӯ «Хайр, модари азиз!», «Хотираи капитан», «Ҳамшираҳо» (1941), «Сарчашмаи мардонагӣ», «Ҳаргиз», «Ба ҷанг» (1942), «Баҳодури тоҷик» (1943), «Фарзанди ту меояд» (1944) дар солҳои ҷанг хеле шуҳрат ёфта, мақбули хонандагон гардида буданд.
Дар достонҳои «Писари Ватан» (1942) ва «Арӯс аз Маскав» (1945) ғояи дӯстию бародарии мардуми шӯравӣ тараннум ёфтааст.
Ашъори баъдиҷангиаш дар маҷмӯаи «Тӯҳфаи ҷавонӣ» (1947) фароҳам омадаанд.
Эҷодкорона аз худ кардани анъанаҳои пешқадами назми шифоҳӣ ва классикии тоҷик, баҳрабардорӣ аз комёбиҳои адибони халқҳои бародар ва омӯхтани таҷрибаи устодони назми рус омили асосии такмили маҳорату маданияти баланди шоирии ӯ гардидаанд.
Эҳсоси набзи замон, дарёфти мавзӯъҳои тоза ва ифодаи фикрҳои бикр, ибрози андешаҳои матлуб, забони фасеҳу равон, тасвироти рангин ва оҳанги нарми лирикӣ сабки махсуси суханварии ӯро ташкил додаанд.
Намунаи барҷастаи корбасти пурсамари чунин сабку ривияҳои гуногуни шоир силсилаи шеърҳои «Қиссаи Ҳиндустон» (1947) аст, ки зодаи таассуроти сафари ӯ ба Ҳиндустон мебошад.
Беҳуда нест, ки соли 1948 барои қисми якуми силсилаи мазкур («Қиссаи Ҳиндустон», «Рӯди Ганг», «Меҳмони мағрибӣ», «Тара Чандри», «Боғи муаллақ», «Дар ёди кас») шоир сазовори Ҷоизаи давлатии СССР гардидааст.
Баъдан, пайиҳам, маҷмӯаҳои ашъори ӯ «Пайғом» (1949), «Ман аз Шарқи Озод» (1950), «Мавҷи табрикҳо» (1951), «Қиссаи Ҳиндустон» ва «Қиссаи машҳур» (1954), «Асарҳои мунтахаб» (1955), «Чароғи абадӣ» (1958, ба ҳуруфи арабӣ) ва ғ. аз чоп баромадаанд, ки дар қатори мавзӯъҳои муҳимми дохилӣ дар онҳо мавзӯоти гуногуни байналхалқӣ, махсусан, сулҳу амният ва дӯстии байни халқҳо, мавқеи намоён ишғол намудаанд.
Достони «Ҳасани аробакаш» (1954) ба таҳқиқи бадеии масъалаи дар ҷараёни сохтмони ҳаёти нав тадриҷан тағйир ёфтани шуъуру ҷаҳонбинии мардуми тоҷик, дар мубориза бо боқимондаҳои дунёи куҳна ғалаба кардани русуми нави зиндагӣ ва табдили авзоъи қаҳрамони асосӣ бахшида шудааст.
Дар силсилаи шеърҳои «Садои Осиё» (1957) муҳимтарин воқеъаҳои ҳаёти байналхалқӣ дар давраи бедорӣ ва марҳалаи нави ҳаракатҳои озодихоҳии миллӣ, давраи бедорӣ ва шикасти бунёди мустамликадорӣ, ба истиқлолият соҳиб шудани бисёр халкҳои мазлуми Осиёву Африқо тасвир ёфта, шуҳрати байналмилалӣ пайдо кардаанд.
Муаллиф, соли 1960, барои достони «Ҳасани аробакаш» ва силсилаи шеърҳои «Садои Осиё» сазовори Ҷоизаи Ленинӣ гардидааст.
Соли 1960 достони нави лирикии ӯ «Ҷони ширин» (дар моҳномаи «Шарқи Сурх») чоп шуда, барқосо дар миёни хонандагон маҳбубияти тамом касб кардааст.
Барои ин асари нотакрораш устод Тусунзода соли 1963 сазовори Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Ҷоизаи комсомоли ленинии Тоҷикистон гардидааст.
Гулчини офаридаҳои устод дар маҷмӯаҳои «Ҷони ширин» (1965), «Асри ман» (1974) ва чаҳор ҷилди «Куллиёт» (1971-1985) интишор ёфтаанд.
Достони «Аз Ганг то Кремл» (1970) ва силсилаи шеърҳои «Посбони оташ» (1977) аз шоҳкориҳои солҳои охири адибанд, ки аз ҷониби хонандагон хеле хуш пазируфта шудаанд.
Устод Турсунзода як қатор асарҳои саҳнавӣ таълиф намуда, дар равнақу ривоҷи драматургияи тоҷик низ ҳиссаи сазовор гузоштааст, ки пйесаҳои «Ҳукм» (алманахи «Тӯҳфа», 1934), «Роҳатхон» (1935), драмаи манзуми «Хусраву Ширин» (1936, дар ҳамқаламии Абдусалом Деҳотӣ), матни операи «Шӯриши Восеъ» (дар ҳамқаламии Абусалом Деҳотӣ навишта шуда, соли 1941 дар заминаи он якумин либреттои тоҷикиро ба майдон овардаанд), либреттои операҳои «Тоҳиру Зуҳро» (1944) ва «Арӯс» (1945) аз он ҷумлаанд.
Соли 1965 киностудияи «Тоҷикфилм» аз рӯи сенарияи ӯ филми бадеии «Ҳасани аробакаш»-ро ба навор гирифта, филмҳои ҳунарии «Бо амри дил» ва «Субҳи Ганг» низ дар заминаи филмномаҳои ӯ созмон ёфтаанд.
Дар ҷодаи ҷамъоварӣ ва нашри осори шифоҳии мардум ҳам хизмати шоиста кардааст.
Яке аз аввалин маҷмӯаҳои эҷодиёти шифоҳии халқ – «Намунаи фолклори тоҷик» (1940, 1945, 1957) бо cаъю ширкати бевоситаи ӯ нашр гардидааст.
Дойир ба масъалаҳои гуногуни адабиёт, драматургия ва театри тоҷик як силсила мақолаву рисолаи адабию танқидӣ ва дар мавзӯъҳои сулҳу амният ва дӯстии халқҳо як қатор мақолаҳои публитсистӣ навиштааст, ки дар шаклу қолабҳои гуногун интишор ёфтаанд ва дастуру раҳнамои дастандаркорони соҳати ҳунарварӣ будаанд. Асарҳои алоҳидаи А.С.Пушкин, Т.Г.Шевченко, Н.А.Некрасов, Ҷамбул, Ш.Руставели, Ш.Рашидов, Зулфия ва дигаронро басо моҳирона ба тоҷикӣ гардондааст.
Аксари навиштаҳои устод Турсунзода ба бисёр забонҳои мардуми шӯравӣ ва халқҳои мутамаддини олам борҳо тарҷумаву чоп шуда, дар пешрафти умуми адабиёти шӯравию ҷаҳон ва соҳиби шуҳрати оламгир шудани адабиёти тоҷик ҳиссаи беназир гузоштаанд.
Устод Турсунзода дар давоми умри пурбаракаташ ба бисёр кишварҳои Осиё, Африқо, Аврупо, Амрико сафар ва дар чандин форуми конгрессу конфаронсҳои бонуфузи байналхалқӣ фаъолона ширкат ва пурҳарорат суханронӣ кардааст.
Ходими маъруфи давлатию ҷамъиятӣ, вакили мардумӣ дар порлумони ҷумҳурӣ ва шӯравӣ, раиси Кумитаи ҳамдилӣ бо халқҳои Осиёву Африқо, узви Кумитаи шӯравии сулҳ ва садорату котиботи Иттифоқи нависандагони шӯравӣ, раиси Кумитаи ҷумҳуриявии муҳофизати сулҳ, Кумитаи Мукофоти Ленинӣ ва раиси Кумитаи Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ будааст.
Бо чор ордени Ленин, ордену медалҳои «Инқилоби Октябр», «Байрақи сурхи меҳнат», «Нишони фахрӣ», «Кирилл ва Мефодий», «Ҷамол Абдулносир» ва Медали тиллои Кумитаи шӯравии муҳофизати сулҳ мукофотонида шудааст.
Барандаи Мукофоти байналхалқии Ҷавоҳирлаъл Неҳру (1967).
Соли 1961 нахустини сазовори унвони ифтихории Шоири халқии Тоҷикистон гардидааст.
Барои хизматҳои бузурги адибию ҷамъиятияш соли 1967 сазовори унвони олии Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, соли 2001 шарафёби унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон гардонида шудааст.
Аз соли 1934 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
24 сентябри соли 1977 аз олам даргузашт.
Мақбараи шарифи ӯ дар «Мазористони Лучоб» қарор дорад.



Нусратулло Махсум

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006 ба фарзанди барӯманди халқи тоҷик Нусратулло Махсум унвони олии “Қаҳрамони Тоҷикистон” дода шудааст.



Нусратулло Махсум

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006 ба фарзанди барӯманди халқи тоҷик Нусратулло Махсум унвони олии “Қаҳрамони Тоҷикистон” дода шудааст.

Зиндагинома, фаъолияти сиёсӣ ва санъати давлатдории Нусратулло Махсум ниҳоят рангину гуногунмазмун буд. Ӯ яке аз нахустин поягузорони давлати миллии тоҷикон дар солҳои 20-уми қарни ХХ маҳсуб меёбад. Ин марди бузург аз раиси Кумитаи инқилобии ноҳияи Ғарм, то раиси Иҷроияи Марказии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Ходими барчастаи давлатӣ, сарсупурдаи миллат Нусратулло Махсум 1 июли соли 1881 дар деҳаи «Чашмаи Қозӣ»-и бекигарии Қаротегини аморати Бухоро (ҳоло ноҳияи Рашт) дар оилаи деҳқони камбағал ба дунё омад. Ҳанӯз аз солҳои наврасӣ ба падари деҳқонаш дастиёри беминнат буд. Нодорию камбағалӣ ва камбизоатии оилавӣ ҷавони баору номусро водор намуд, ки муваққатан тарки диёри азизаш карда, барои дарёфти қути лоямут ба шаҳрҳои саноати Осиёи Миёна сафар кунад. Дар яке аз корхонаҳои пахтаи шаҳри Қӯқанди водии Фарғона ҳаммолӣ карда, музди ночизе мегирифт.
Соли 1921 Нусратулло Махсум ба радифи муборизони аввалини барпо намудани Ҳокимияти Шӯравӣ дар Бухорои Шарқи шомил гардид. Солҳои 1921-1923 ба ҳайси намояндаи Кумитаи хӯроквории Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро (ҷХШБ) оид ба таъмини қисмҳои Армияи Сурх дар ғарм, сипас дар Душанбе, Раиси Кумитаи Инқилобии вилоят, Раиси Кумитаи фавқулоддаи Бухорои Шарқӣ ифои вазифа намуд. Пас аз барпошавии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи Инқилобии ҷумҳурӣ интихоб гардид.
Соли 1929 бо ташаббус ва талошҳои пайгиронаю ҷасуронаи Нусратулло Махсум ва дигар ватандӯстони тоҷик Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақил шуд. Дар давраи сарварии Нусратулло Махсум ҷумҳурӣ рӯ ба пешравӣ овард. Таҳти роҳбарии ӯ асосҳои сохтори нави давлатдорӣ бунёд мешуд. Халқи меҳнаткаши тоҷик ба ҳаёти мустақилонаю осоишта камар баст.
Бунёди як қатор иншоотҳои аҳамияти стратегидоштае, ки дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе сурат гирифт, ба маҳорату санъати роҳбарӣ ва сиёсати давлатдории ӯ марбут аст. Сохтмони фурудгоҳ, роҳи оҳан ва ғайра аз ҳамин қабиланд. Дар корҳои ободонии ноҳияҳои водии Вахшу ҳисор, ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, вилоятҳои Бадахшону Суғд (собиқ Ленинобод) ва гурӯҳи ноҳияҳои водии Рашт ҷонбозиҳо кардааст. Ин шахси инсонпарвар ба Хуҷанд сафар карда, як қатор маҳбусони тӯҳматзадаро қаблан аз ҳабс озод намуд. Баъдан оиди ин кор қарор ба тавсиб расонид. Ин амалҳои неки инсондӯстонаи Нусратулло Махсум ба шовинистони дар ниқоби коммунист пинҳонгардида хуш наомад. Ҳамин буд, ки борони тӯҳматро ба сараш фурӯ рехтанд. Далелҳои беасос киштии орзӯю умед ва нақшаҳои азими созандагии Нусратулло Махсумро ба гирдоби бало афканд. Оре, худогоҳию тавонгарӣ ва хештаншиносии ин марди бедордил ба баъзе нотавонбинони сатҳи болоӣ намефорид. Аз ин рӯ, ба гардани ин фарди рустоӣ, марди ғаюру тавоно ва фидои миллату роҳи ҳақиқат, завлонаи бадномӣ заданд.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) 1 ноябри соли 1937 дар шаҳри Маскав ба қатл расонида шуд.
28 декабри 1957 Раёсати ҳарбии Суди Олӣ қарори прокурори генералии ИҶШС-ро дида, ҳукмро дар ҳаққи Нусратулло бекор кард. Бо қарори раёсати КМ ҲК Тоҷикистон аз 26 июни 1964 Нусратулло Махсум аз ҷиҳати ҳизби сафед шуд.
Аз Нусратулло Махсум ба мо номи нек ба мерос расидааст, ки он дар қалбҳои оташини фарзандони тоҷик зиндаю ҷовидон хоҳад монд. Ӯ ҳаргиз намурдааст. Номи неки вай ҳамеша вирди забони мардуми мо буд ва абадӣ боқӣ хоҳад монд.
Нусратулло Махсум аз худ на танҳо дар соҳаи давлату давлатдорӣ осори амиқе ба наслҳои минбаъда боқӣ гузошт, балки хонадони намунавиеро ҳам ба ёдгор монд. Халқи тоҷик на танҳо бо номи Нусратулло Махсум, балки бо кору амали фарзандони қобилу огоҳаш Мунаввар, Анвар, Хосият, Акбар (академик) ва Музаффар Нусратуллоевҳо ифтихор менамояд.
Нусратулло Махсум роҳбаре буд, ки қалби ҳассосаш моломоли ишқи миллат, ишқи Тоҷикистон буд. Тамоми хизматҳои бебаҳои ӯ ба назари эътибор гирифта шуд ва қадр гардид.
Бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 июни соли 2006 Нусратулло Махсум ба унвони олии қаҳрамони Тоҷикистон сазовор гашт.



Шириншоҳ Шоҳтемур

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006 ба фарзанди барӯманди халқи тоҷик Шириншоҳ Шоҳтемур, унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шудааст.



Шириншоҳ Шоҳтемур

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006 ба фарзанди барӯманди халқи тоҷик Шириншоҳ Шоҳтемур, унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шудааст.

Шириншоҳ Шотемур — ходими намоёни давлатӣ ва ҳизбӣ, соли 1899 дар деҳаи Поршиневи ноҳияи Шуғнони Помири ғарбӣ (ҳозира Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон) ба дунё омадааст. Волидонаш ба ғаллакорӣ шуғл варзида зиндагии камбағалона доштанд. Аз соли 1911 ба интернати назди омӯзишгоҳи русии маҳаллии Хоруғ, ки дар Кӯҳистони Бадахшон бори аввал кушода шуда буд, дохил гардида, дар он 4 сол хондааст.
Фаъолияти меҳнатиаш аа 13-солагӣ оғоз ёфтааст. Ҳамроҳи коргарони маҳаллӣ барои барпо ва пойдор гардидани Ҳокимяти Шӯравӣ дар Осиёи Миёна иштирок кардааст. Аз январи соли 1921 узви Ҳизби коммунист буд.
Солҳои 1914—19 дар корхонаҳои шаҳри Тошкент кор карда, бо болшевикон шинос гардид ва ҳамчунин, ба таҳсил низ машғул буд. Соли 1917 Шириншоҳ Шотемур маҷбур шуд, ки ба семинарияи муаллимтайёркунии шаҳри Тошканд шомил шавад. Дар семинария то соли 1921 таҳсил намуд. Вале он дар давраи шӯравӣ (аз соли 1919) семинария не, балки шӯъбаи русии мактаби меҳнатӣ-педагогӣ номида шуд. Пас аз ба итмом расондани мактаб моҳи майи соли 1921 дар ҳайати 500 нафари ба ном «студентони пролетарӣ» аз тарафи КИМ-и Туркистон ба шаҳри Қуқанду Фарғона ва аз Қуқанд ба комитети тақсимоти (разверсткаи) озуқавории Хуҷанд фиристонда шуда, дар тақсимоти озуқавории Дилварзин ширкат дошт.
Солҳои 1921-22 узви сегонаи ҳарбию сиёсӣ ва аз октябри соли 1922 сардори он буд. Моҳи августи соли 1923 ҳангоми расидан ба Тошканд бо назардошти он ки аз соли 1921 то соли 1923 дар Помир буд, бо Туркистон алоқааш канда шуд, аз комиссияи тозакунии сафҳои ҳизб нагузашт ва узвияташ бекор шуд. Моҳи август бо дархостнома ва маводҳои зарурӣ ба комиссияи ҳизбии сарҳадии фронти Туркистон муроҷиат карда, зимистони соли 1923, моҳи декабр ба воситаи комиссиюни назоратии Туркистон аз комисияи назоратиии Москва нусхаи фармонро дар бораи барқарор кардани ҳуқуқи уязвияти ҳизбии худ аз соли 1921– ро гирифт. Аз октябри соли 1923 то 5 августи соли 1924 корманди бойгонии назди котиботи СКХ Республикаи Туркистон, аз 5 августи соли 1923 то ноябри ҳамин сол инструктори кишоварзии шӯъбаи ташвиқ ва тарғиби КМ ҲК Туркистон буд. То тақсимоти миллӣ дар таъсиси инспексияи маорифи тоҷик дар ш. Тошканд кор кард. Баъди тақсимоти миллӣ-ҳудудии Осиёи Миёна (cоли 1924) ва таъсиси ҷумҳуриҳои миллӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати ҶШС Ӯзбекистон, Ш. Шотемур узви бюрои Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон таъин гардида, ба шаҳри Душанбе ба кор фиристонда шуд.
Дар ин замон – дар нимаи якуми солҳои 20-ум Шириншоҳ Шотемур аввал дар котиботи Шӯрои Комиссарони Халқӣ, сипас ба ҳайси инструктори шӯъбаи таҳтонии ақаллиятҳои миллии шӯъбаи ташвиқотиву тарғиботии КМ ҲК(б) ҶМШС Туркистон кор карда, ҳамчунин узви Президиуми Кумитаи инқилобии тоҷик буд. Дар ҳамин ҷо ӯ ҳамчун идеолог тавонист масъалаи ташкили рӯзномаи алоҳида барои тоҷикони Осиёи Миёнаро ба миён гузорад ва ба таври мусбат ҳал кунад. Ӯ Ҳасан Ирфонро масъули рӯзнома таъин кард. Устод Садриддин Айнӣ, Нисор Муҳаммад, А. Муҳиддинов, С. Ализода, Т. Зеҳнӣ, А. Сатторӣ, М. Хуҷандӣ, А. Исмоилзода ва дигар равшанфикрони тоҷик аз минтақаҳои мухталифи тоҷикнишин ҳамкорони фаъоли «Овози тоҷик» буданд. Оғози нашри ин рӯзнома, дар замоне, ки идеологияи пантуркистӣ ҳукмронӣ мекард, осон набуд. Шумораи нахустини он ба роҳбарони давр ҳам, ки аксаран тарафдори ғояҳои пантуркистӣ буданд, маъқул наафтод. Рӯзнома ба дифои забони тоҷикӣ мақолаҳое чоп мекард. Баъзе аз мақомдорони пантуркист рӯзномаро ҳамон замон бастанӣ мешаванд. Шириншоҳ Шотемур ва Нисор Муҳаммад ин хатарро фаҳмида зуд аз Тошканд ба Самарқанд меоянд. Онҳо нахуст устод Айниро пайдо карда маслиҳатҳои судбахши ӯро мегиранд. Бо маслиҳат рӯзнома ба мақоми (органи) Оргбюро (Бюрои ташкилии Кумитаи инқилобии тоҷик) табдил дода мешавад ва аз хатар эмин мемонад.
Шириншоҳ Шотемур бо таъсиси ин рӯзнома иктифо намекунад. Саъю кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки шумораву теъдоди рӯзнома зиёд ва сатҳи он баланд бардошта шавад, то ба оммаи васеи тоҷикон дар манотиқи гуногун дастрас гардаду асари нек гузорад.
Шириншоҳ Шотемур соли 1929 ҳамчун котиби масъули Комитети партиявии вилоятии Тоҷикистон, солҳои 1929—32 котиби 2-юми КМ ПК(б) Тоҷикистон, солҳои 1933—37 раиси КИМ-и РСС Тоҷикистон, солҳои 1925—37 аъзои КИМ-и ҲК СССР фаъолият намудааст.
Шириншоҳ Шотемур дар барпо ва мустаҳкам намудани Ҳокимияти Советӣ дар Тоҷикистон, беҳтар ва мустаҳкам кардана кори органҳои партиявӣ ва советӣ, инкишофи хоҷагӣ ва маданияти республика ва тарбияи кадрҳои партиявию советии миллӣ ҳиссаи калон гузошт. Бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат (1930) мукофотонида шудааст.
Бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 июни соли 2006 Шириншоҳ Шотемур ба унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон сазовор гашт.

Прокрутить вверх